Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Ифтитоҳи Академияи футболи клуби «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар деҳаи дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, 7 декабри соли 2021 баргузор гардид.

Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, лентаи сурхро, ки рамзи ифтитоҳи маҷмааи таълимии варзишӣ мебошад, бурида, ба тарбияи футболбозони наврас муваффақиятҳо таманно кард.

Ин академия дар ҷумҳурӣ назир надорад. Академияи «Истиқлол» аз бинои маъмурӣ, бинои дорои синфхонаҳо ва хобгоҳҳо, ошхона, маркази тиббӣ-барқарорсозӣ, ҳавзи шиноварӣ, саунаҳо, толори варзишӣ иборат аст.

Дар ихтиёри кӯдакон якчанд майдон – табиӣ ва сунъӣ мавҷуд аст.
Академияи футболи «Истиқлол» дар шакли имрӯзаи худ метавонад 140 наврасро қабул кунад.

Кудакон  дар ин академия на танҳо маҳорати футболи худро такмил медиҳанд, балки бо таҳсилоти миёнаи умумӣ низ фаро гирифта шудаанд.

 

Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj