Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ПРИРӮЗӢ ДАР ДЕРБИИ ДУШАНБЕ!

02.11.2026 21:20

Дар бозии даври 21-уми Лигаи олӣ «Истиқлол» бар “КМВА Помир” бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард.

Дастаи мо дар тӯли тамоми вохӯрӣ ташаббусро ба даст гирифта, аз канорҳо фаъолона ҳамла намуд, аммо мудофиаи рақиб то дақиқаҳои охири бозӣ устуворӣ нишон дод.


Тақдири бозиро голи ягона дар дақиқаи 89-ум ҳал кард: Муҳаммадҷон Раҳимов партофти олиҷанобро ба гол табдил дода, ба «Истиқлол» се холи муҳим овард.

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН. ЛИГАИ ОЛӢ
ДАВРИ 21-УМ

 КМВА - «Истиқлол»  - 0:1
 Гол:
Муҳаммадҷон Раҳимов, 89
«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Табрез Исломов, Йосип Томашевич (Шаҳром Самиев, 77), Алиҷон Кароматуллозода, Содиқҷон Қурбонов, Амирбек Ҷурабоев (Алишер Шукуров, 55), Ваҳдат Ҳанонов (Далер Шарипов, 46), Алишер Ҷалилов, Эҳсон Панҷшанбе, Шервони Мабатшоев (Алексей Шебетун, 86), Рустам Соиров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 55).
 Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).
 Корти зард: Ҳоруна Муҳаммад (КМВА), Алиҷон Кароматуллозода, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).
Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
2 ноябр. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39792

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39797

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj