Бохт дар финали Ҷом!
10.10.2026 20:20
Дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал дастаи «Истиқлол» бо «Сипар» рақобати ҷолибу пуршиддат анҷом дод.

Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 2:3 ба фоидаи «Сипар» анҷом ёфт.
Шогирдони Александр Дзабирадзе оғози хуб доштанд. Дар дақиқаи 5-уми қисми аввал Дилшод Саломов ҳисобро боз кард, аммо «Сипар» дар дақиқаи 8-ум натиҷаро баробар намуд.
Дар оғози қисми дуюм дар дақиқаи аввал Хосе Пахаро «Истиқлол»-ро дубора ба пеш баровард.
Бо вуҷуди талошҳои зиёд, даста бартариро нигоҳ дошта натавонист. Фелипе Виейра дар дақиқаҳои 15-ум ва 20-ум ду гол зада, ғалабаро ба «Сипар» таъмин кард.
Бо вуҷуди натиҷаи ниҳоӣ, бозингарони футзали «Истиқлол» то сонияҳои охир барои ба даст овардани ҷом мубориза бурданд.











