«Истиқлол» - мизбони Лигаи Ҷоми даъвати Осиё!
14.08.2026 15:20
Яке аз панҷ гурӯҳи Лигаи Ҷоми даъвати Осиё-2026/27 дар Тоҷикистон баргузор мешавад!

Чи тавре, ки аз Конфедератсияи футболи Осиё расман иттилоъ доданд, «Истиқлол» яке аз мизбонони марҳилаи гурӯҳии Лигаи Ҷоми Даъвати Осиё дар минтақаи «Ғарб» мегардад.
Бозиҳои гурӯҳи мо аз 17 то 23 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегарданд.
Маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳӣ 20 август дар шаҳри Куала-Лумпур баргузор мегардад.
Бар асоси натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ, ба даври баъдӣ аз минтақаи «Ғарб» ғолибони ҳамаи се гурӯҳ ва як дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.











