Бохти аввалин дар Лигаи олӣ!
02.08.2026 23:20
Дастаи «Истиқлол» дар бозии сафарӣ муқобили «Регар-ТадАЗ» аввалин бохти худро дар мавсими кунунии чемпионати Тоҷикистон ба қайд гирифт.
.jpg)
Рақобат бо ҳузури зиёда аз 4 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи «Талко-Арена» баргузор шуда, бо натиҷаи минималии 1:0 ба поён расид.
Бозии навбатии худро дар Лигаи олӣ «Истиқлол» 9 август баргузор менамояд. Дар ин рӯз бозии мавқуфмондаи даври 10-ум бо дастаи КМВА доир мегардад.
Вохурӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Даври 13-ум
«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» - 1:0
Гол: Ҷозеф Мболло, 27
«Истиқлол»: Денис Кавлинов, Фране Икич, Ваҳдат Ҳанонов, Содиқҷон Қурбонов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Табрез Исломов, 46), Амирбек Ҷурабоев, Алишер Шукуров (Рустам Соиров, 46), Эҳсон Панҷшанбе, Шервони Мабатшоев, Алишер Ҷалилов (Михаил Тихонов, 81), Шаҳром Самиев (Алексей Шебетун, 46).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Такам Северин («Регар-ТадАЗ»).
Корти зард: Нозим Бобоҷонов, Ҷозеф Феумба («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсон Панҷшанбе («Истиқлол»).
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).
2 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «Талко-Арена». 4050 тамошобин.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/38351
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/38360











