ҶОМИ «СОХТОРҲОИ ҲАРБӢ»-2026
23.05.2026 18:20
БО ИБТИКОРИ КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ», ДАР ЯКҶОЯГӢ БО РАЁСАТИ ҚУШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВКД МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МИЁНИ СОХТОРҲОИ ҲАРБӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД.
Мусобиқаи варзишии мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва 35-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он 6 даста иштирок менамояд.
Мусобиқа фардо, 25 май оғоз гардида, 31 май ҷамъбаст мегардад.
Ҷоизадорони мусобиқа ва беҳтарин бозикунон бо Ҷом, медал ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Вохуриҳо дар майдони қисми ҳарбии 3502 баргузор мешаванд.
Имрӯз пеш аз оғози мусобиқа, ҷаласаи тадорукотӣ ва қуръакашӣ баргузор шуд.
Гурӯҳӣ «А»
Қушунҳои сарҳадии КДАМ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
СРИҶ
Гурӯҳи «В»
Гвардияи миллӣ
РҚД ВКД
Вазорати мудофиа
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37164











