Барандаи Ҷоми «Сохторҳои ҳарбӣ-2026» муайян гардид!
01.06.2026 18:20
Дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохуриҳои ниҳоии Ҷоми «Сохторҳои ҳарбӣ-2026» баргузор гардида, ҷоизадорони мусобиқа муайян шуданд.
Дар ин мусобиқа, ки бо ибтикори клуби футболи «Истиқлол» ва Раёсати қушунҳои дохилии ВКД роҳандозӣ шуд, шаш даста иштирок намуданд.
Пас аз бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ ва нимфиналҳо, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохуриҳо барои ҷои сеюм ва финал баргузор гардиданд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия бар дастаи Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ ғолиб омада, мақоми сеюмро касб намуд – 2:2 (пеналти - 6:5).
Дар бозии финалӣ низ мухлисон шоҳиди зарбаҳои пеналти шуданд. Тими Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД бар дастаи Гвардияи миллӣ зафар ёфта, ғолиби мусобиқа гардид – 1:1 (пеналти – 4:2).
Пас аз бозии финалӣ маросими бошукуҳи ҷоизасупории дастаҳо, ҷоизадорон ва доварон бо иштироки роҳбарияти дастаи «Истиқлол» ва Сарраёсати Қушунҳои дохилии ВКД баргузор шуд.
Доварон, дастаҳои иштирокчӣ, тимҳои ҷоизадор бо сипосномаҳо, ифтихорномаҳо, медалҳо, Ҷомҳо ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қайд менамоем, ки мусобиқаи мазкур ба ифтихори «Рӯзи ҷаҳонии футбол» ва 35-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37562
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37564
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37574
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37584











