Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Номҳои нав, ҳадафҳои пешин: «Истиқлол» бо ду бозигари бразилиягӣ шартнома кард!

15.04.2026 18:20

Дастаи футзали «Истиқлол» дар бораи ба имзо расонидани шартнома бо ду бозигари бразилиягӣ - Лукас Араухо ва Игор Тиаго хабар медиҳад.

Ҳар ду бозигар барои тақвияти ҳайати даста пеш аз мусобиқаҳои дарпешистодаи Суперлига  ба даста ҳамроҳ шуданд.

Лукас Араухо, ки 31 октябри соли 1998 таваллуд шудааст, қаблан дар Хорватия ва Ӯзбекистон бозӣ карда, худро ҳамчун бозигари дорои техникаи баланд муаррифӣ намудааст.

Игор Тиагои 28 сола таҷрибаи бозӣ дар Бразилия ва Фаронса дошта, бо меҳнатдӯстӣ ва универсалӣ будани худ фарқ мекунад.

Бозигарон аллакай ба тамринҳо ҳамроҳ шуда, омодаанд, ки  дар бозиҳои расмии мавсим иштирок намоянд.

Ба «Истиқлол» хуш омадед,  бачаҳо!

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/36103

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj