«Истиклол» ва «Себистон» тамдиди шартнома намуданд!
11.04.2026 16:50
Клуби футболи «Истиқлол» ва ширкати сохтмонии «Себистон» тамдиди созишномаи намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкории муваффақона ва мутақобилан судманд тасдиқ карданд!

Дар доираи созишномаи нав самтҳои асосии ҳамкорӣ, ки ба рушди варзиш, дастгирии клуб ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона шудаанд, муайян карда шуданд.
Зери созишнома директорони генералии ду ҷониб Шаҳзод Сулаймонов ва Мухаё Давлатзода имзо гузошта, аҳамияти стратегӣ ва дарозмуддати ҳамкориро таъкид намуданд.
Дар маросими имзои созишнома намояндагони ҳар ду ҷониб, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд.
Мувофиқи шартҳои созишнома, бренди «Себистон» дар ҳамаи платформаҳои расмии «Истиқлол», аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, лавҳаҳо ва овезахои таблиғотии атрофи майдони варзишгоҳ ҷойгир карда мешаванд.
Директорони генералии ҷонибҳо хусусияти мутақобилан судманди ҳамкориро мусбат арзёбӣ намуда, ба рушди минбаъдаи он изҳори боварӣ карданд.
Ҳамкории миёни «Истиклол» ва «Себистон» динамикаи устувор нишон дода, ба рушди футбол ва таҳкими робитаҳои корӣ мусоидат менамояд.
Тамдиди созишнома имкониятҳои навро барои татбиқи ташаббусҳои муштарак ва рушди минбаъдаи ҳам соҳаи варзиш ва ҳам инфрасохтори иҷтимоӣ фароҳам меорад.
«Себистон» – яке аз ширкатҳои пешсафи сохтмонии пешсаф аст, ки ба амалӣ намудани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи сохтмони манзили истиқоматӣ, тиҷоратӣ ва биноҳои ҷамъиятӣ тахассус дорад.
Дар маркази фаъолияти «Себистон» талош барои таъмини сифати баланди лоиҳаҳо, истифодаи фаъоли технологияҳои пешрафтаи сохтмонӣ ва муносибати касбӣ ба ҳар як лоиҳа қарор дорад!
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/36024









.png)