Ҳайатро пеш аз мавсими нав тақвият медиҳем!
09.03.2026 17:00
Дастаи футзали «Истиқлол» бо ду бозингари мунтахаби миллии Тоҷикистон шартнома имзо кард – Дилшод Саломов ва Умед Кузиев ба дастаи мо пайвастанд!

Дилшод Саломов, ки сарвони дастаи мунтахаби кишвар аст, қаблан дар ҳайати «Соро компания» бозӣ мекард ва Умед Кузиев шарафи «Амонатбонк»-ро ҳимоя мекард.
Ҳарду бозингар дар сатҳи олӣ таҷрибаи зиед доранд ва мунтазам ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Имзои ин бозигарон аввалин трансферҳои «Истиқлол» пеш аз мавсими нави футзал ба ҳисоб меравад.
Ба «Истиқлол» хуш омадед, бачаҳо!











.png)