Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ВОХУРИИ СУДМАНД БО МУХЛИСОНИ ДАСТА!

06.03.2026 18:20

Имрӯз дар толори конфронсии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохӯрии пеш аз мавсим миёни маъмурияти бошгоҳ, капитани даста Алишер Ҷалилов ва намояндагони Фан-клуб баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мухлисон барои дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, нақшаҳои мавсими нав, рушди ҳаракати мухлисон ва ҷалби бештари  мухлисонро  ба бозиҳои хонагӣ баррасӣ карданд.

Капитани даста Алишер Ҷалилов изҳор дршт, ки мухлисон барои даста хеле муҳиманд ва онҳо «бозигари дувоздаҳум» мебошанд.

 Ҳамчунин  менеҷери даста оид ба рушд ва кор бо мухлисон Парвиз Кашкаров қайд кард, ки миёни клуб ва мухлисон муносибатҳои самимӣ ташаккул ёфта истодаанд ва барои даста муҳим аст, ки бо мухлисон робитаи кушод ва ростқавлона дошта бошад.

 Дар анҷом намояндагони Фан-клуб ба даста дар мавсими нав барору комёбӣ таманно намуда, ваъда доданд, ки ҳамеша «Истиқлол»-ро дастгирӣ хоҳанд кард.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35665

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj