«Истиклол» трансфери ниҳоии зимистонаро анҷом дод!
05.03.2026 11:20
Нимҳимоятгари ҷавон Алиҷони Буризод бозигари «Истиклол» шуд.

Бо ин бозингар то охири мавсим шартнома баста шуд. Алиҷони Буризод қаблан дар мавсими соли 2023 дар ҳайати "Истиклол" ба таври иҷора ҳунарнамоӣ карда буд.
Пеш аз гузариш ба «Истиклол» дар ҳайати дастаҳои «Самгурали»-и Гурҷистон, «Краснодар-2» ва «Регар-ТадАЗ» бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати дастаҳои наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон бозӣ кардааст ва ба дастаи мунтахаби кишвар низ даъват мешавад.











.png)