Сипари нави чемпион: Дар «Истиқлол» дарвозабони нав!
25.02.2026 17:00
Дастаи футболи «Истиқлол» аз имзои шартнома бо дарвозабони нав – Денис Кавлинов хабар медиҳад!

Ин дарвозабон, ки қадаш 190 см аст, тарбиятёфтаи академияи КФ «Краснодар» буда, таҷрибаи зиёди бозӣ дар сатҳи касбӣ дорад: дар чемпионатҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон бозӣ кардааст – охирин клуби ӯ «Жетысу» буд.
Дар феҳристи корномаи Кавлинов 215 бозӣ, аз ҷумла 64 бозии бе дарёфти гол сабт шудааст. Шартнома бо посбони нави дарвозаи тими мо то 30 ноябри соли 2026 ба имзо расонида шуд.
Хуш омадед ба «Истиқлол», Денис!
Ба шумо бозии боэътимод ва пирӯзиҳои дурахшонро дар ҳайати дастаи таманно дорем!
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35550











.png)