Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» Хусрав Тоировро ба иҷора гирифт!

18.02.2026 19:40

Нимҳимоятгари тими ҷавонони Тоҷикистон Хусрав Тоиров мавсими имсолаи футболро дар ҳайати «Истиқлол» мегузаронад.

 Клубҳои футболи «Шахтёр» ва «Истиқлол» созишномаи трансферӣ имзо карданд, ки тибқи он Хусрав Тоиров ба ҳайати қаҳрамони Тоҷикистон ба таври иҷора  гузашт.

Созишномаи иҷора то 30 ноябри  мавсими имсола  эътибор дорад.  Хусрав Тоиров 1 августи соли 2004 таваллуд шудааст, қадаш 181 см.  Дар дастаҳои «Локомотив-Помир», «Динамо»  ва «Атирау» (Қазоқистон) ҳунарнамоӣ  кардааст.

 Аз моҳи марти соли 2023 Хусрав Тоиров  футболбози дастаи  «Шахтёр»-и Украина буда, то соли 2028 бо ин тим  шартнома дорад.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35485

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj