Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» хати ҳамлаашро тақвият мебахшад!

14.02.2026 14:10

Чемпиони Тоҷикистон Лука Згурский, ҳамлагари ҷавонро ба ҳайати худ ҳамроҳ кард!

Лукаи 20-сола, баландии қадаш – 187 см,  тарбиятгирандаи Академияи КМВА-и Маскав мебошад. Пеш аз гузашиш ба «Истиқлол», ӯ дар ҳайати «Атирау»-и Қазоқистон бозӣ кардааст ва қабл аз он дар ҳайати «Андижон» ҳунарнамоӣ дошт. Барандаи  Ҷоми Ӯзбекистон дар соли 2024 мебошад.

Пеш аз имзои расмии шартнома, Згурский дар се бозии назоратӣ дар ҳайати  «Истиқлол» иштирок намуда,  пас аз гузаштани муоинаи тиббӣ  бо даста то охири мавсим шартнома баст.

Дар феҳристи бозиҳои касбии ӯ 110 бозӣ, 43 гол ва 12 партофти головар  ба қайд гирифта шудааст.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35418


 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj