«Истиқлол» шартномаашро бо Кирилл Суслов қатъ намуд!
13.02.2026 19:10
Бошгоҳи футболи «Истиқлол» бо розигии тарафайн бо футболбоз Кирилл Суслов шартномаи ҳамкориро қатъ намуд!

Ҳимоятгар нимаи дуюми мавсими гузашта ба «Истиқлол» гузариш намуда, дар умум дар ҳайати даста дар 10 вохурии расми иштирок карда буд
КФ «Истиқлол» ба Кирилл Суслов барои бозиаш дар ҳайати даста арзи сипос гуфта, ба ӯ дар фаъолияти ояндааш муваффақиятҳои калонро таманно менамояд!











.png)