МУСОВИИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «ВАХШ» ДАР БОЗИИ САНҶИШӢ
31.01.2026 18:50
ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» ВОХУРИИ ДУЮМИ НАЗОРАТИИ ХУДРО ДАР ДОИРАИ ҶАМЪОМАДИ ОМӮЗИШӢ ДОИР НАМУД.
.jpg)
Дидори имрӯза, ки бо дастаи «Вахш» баргузор гардид, бо натиҷаи 2:2 ба поён расид. Аз ин пеш «Истиқлол» дар бозии якуми назоратӣ бар «Ҳосилот» бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардида буд.
Бо ҳамин тартиб, марҳилаи якуми омодагии «Истиқлол» ба мавсими нав ҷамъбаст шуд. Марҳилаи дуюми ҷамъомади таълимию омӯзишии дастаи пойтахт санаи 4 феврал шуруъ мегардад.
БОЗИИ НАЗОРАТӢ
«Истиқлол» - «Вахш» - 2:2
Голҳо: Суннатуло Исмоилов, 9 (0:1). Масрур Ғафуров, 11 аз пеналти (1:1). Муҳаммадҷон Раҳимов, 42 (2:1). Аҳтам Назаров, 45+1 (2:2).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
31 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.











.png)