«Lak Lak» - сарпарасти техникии Академияи футболи «Истиқлол»!
31.12.2025 12:30
Баҳри рушд ва ба воя расонидани футболбозони наврас миёни Академияи футболи «Истиқлол» ва маркетплейси «Lak Lak» шартномаи ҳамкорӣ баст шуд.
Зери шартома директори Аквдемияи «Истиқлол» Нуриддин Давронов ва директори генералии «Lak Lak» Ифтихор Юсуфӣ имзо гузоштанд.
Тибқи шартнома маркетплейси «Lak Lak» сарпарасти техникии Академияи футболи «Истиқлол» гардид.
Дар доираи ин ҳамкорӣ «Lak Lak» Академияро бо таҷҳизот, лавозимот ва захираҳои техникии зарурӣ таъмин менамояд, то шароити босифат барои машқу бозӣ ва рушди инфрасохтори варзишӣ фароҳам оварда шавад.
Дастгирии нарасону ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш мутобиқ ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба тарбияи насли солим, қавӣ ва дорои ҳадафҳои баланд равона шудаанд.
Сарпарастии техникии «Lak Lak» - саҳмгузорӣ ба ояндаи футболбозони наврасон ва ҷавонон хоҳад буд











.png)