Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» МУҚОБИЛИ «ГОА» БО ПИРОҲАНҲОИ САФЕД БОЗӢ МЕКУНАД!

23.12.2025 16:30

ИМРӮЗ ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗИИ ДАВРИ ШАШУМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ГОА» ВА «ИСТИҚЛОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ – Алишер Никимбоев, нозири доварон – Ҳомид Ҷасим Халифа, намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Гоа», инчунин дигар масъулин  масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохурии дарпешистода баррасӣ шуд.

Мизбонони рақобат футболбозони «Гоа» бо пироҳанҳои зарди норинҷӣ ва дастаи меҳмон - «Истиқлол» бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд.

Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои «Гоа»-и  Ҳиндустон ва  «Истиқлол»-и  Тоҷикистон фардо, 24 декабр, дар варзишгоҳи «Ҷаваҳарлал Неру» баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:30 бо вақти маҳаллӣ (21:00 бо вақти Душанбе).

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34972

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj