Футзал: Натиҷаи 1:4 дар бозии аввал
18.12.2025 19:30
Вохурии якуми марҳилаи нимниҳоии Лигаи футзали Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Соро компания» бо натиҷаи 1:4 ба фоидаи чемпиони феълии мамалакат ба анҷом расид.
Вохурии ҷавобии рақибон санаи 21 декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз баргузор мегардад. Қайд менамоем, ки вохуриҳои марҳилаи плей-офф барои роҳхат ба финал аз силсилаи то ду пирӯзии яке аз дастаҳо иборат мебошад.
Лигаи футзали Тоҷикистон. Марҳилаи плей-офф
Нимфинал. Бозии аввал
«Истиқлол» - «Соро компания» - 1:4
Голҳо: Елан Делон, 8 (0:1). Самандар Ризомов, 10 (0:2). Дилшод Саломов, 13 (0:3). Дилшод Саломов, 23 (0:4). Айдарбек Абдуҷалил Уулу, 40 (1:4).
«Истиқлол»: Самариддин Шамсов, Некруз Идиев, Айбарбек Абдуҷалил Уулу, Нико Харатишвили, Раҳмоналӣ Шарипов, Абдуқаюм Умаров, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Амин Насруллозода.
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Дилшод Саломов («Соро компания»).
Сардовар: Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).
18 декабр. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп». 400 тамошобин.











.png)