Чемпионати Тоҷикистон-2025 ба анҷом расид!
12.12.2025 18:50
Дар вохурии ниҳоии худ дар мавсими кунунии Лигаи Олӣ, «Истиқлол» бо натиҷаи 4:1 бар дастаи «Истаравшан» зафар ёфт.

Дар 22 бозии сипаригашта, «Истиқлол» 15 ғалаба ба даст оварда, 5 вохуриро мусовӣ намуд ва дар 2 рақобат дучори бохт гардид. Таносуби тубҳо – 58:18.
Чемпионати Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ. Даври 21-ум
«Истаравшан» - «Истиқлол» - 1:4
Голҳо: Марлен Чобанов, 9 (0:1). Пол Комолафе, 18 (0:2). Масрур Ғафуров, 37 (0:3). Аҳтам Назаров, 51 аз пеналти (0:4). Султонбек Фозилов, 74 (1:4).
«Истиқлол»: Муҳриддин Ҳасанов, Содиқҷон Қурбонов, Рудолф Туркай, Марлен Чобанов, Манучеҳр Сафаров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 15), Ҷозеф Окоро (Аҳтам Назаров, 46), Меҳрубон Одилзода, Табрез Исломов (Рустам Камолов, 46), Рустам Соиров (Муҳаммад Назриев, 46), Пол Комолафе, Масрур Ғафуров (Масрур Ғафуров, 77).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Пол Комолафе («Истиқлол»).
Сардовар: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).
12 декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуривӣ
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34732
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34735











.png)