«ИСТИҚЛОЛ» БАР «ГОА» ПИРӮЗ ГАРДИД!
01.10.2025 22:50
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё пирӯзии деринтизорашро ба даст овард.
«Истиқлол» дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар тими «Гоа»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳои Рустам Соиров ва Ризо Деҳқонӣ ба бошгоҳи шаҳри Душанбе се имтиёз овард.
Қаҳрамони Тоҷикистон бозии навбатии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 бо тими «Ал-Завраа»-и Ироқ анҷом медиҳад. Ин дидор 22 октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 18:45 оғоз мешавад.
Лига қаҳрамонҳо КФО -2025/26
Гурӯҳи «D». Даври 2-юм
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 2:0
Голҳо: Рустам Соиров, 46 (1:0). Ризо Деҳқонӣ, 74 (2:0).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Манучеҳр Сафаров, Ҷозеф Окоро, Марлен Чобанов, Содиқҷон Қурбонов, Амирбек Ҷурабоев, Сияваш Хакназарӣ (Ризо Деҳқонӣ, 66), Алишер Ҷалилов (Шон Пол Комолафе, 75), Мухаммадҷон Раҳимов (Рустам Камолов, 75), Эхсони Панҷшанбе, Рустам Соиров (Масрур Ғафуров, 90+4).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Рустам Соиров («Истиқлол»).
1 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 5750 тамошобин.
«Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 2:0
Даври 3-юм
22 октябр | чоршанбе
Оғози бозӣ соати – 18:45
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) - «Ал-Завра» (Ирақ)
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/33483