ИНТИЗОРИҲОИ ИГОР ЧЕРЕВЧЕНКО АЗ БОЗӢ БО «ГОА»
30.09.2025 22:00
САРМУРАББИИ «ИСТИКЛОЛ» ИГОР ЧЕРЕВЧЕНКО ДАР НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПЕШ АЗ БОЗӢ ИНТИЗОРҲОИ ХУДРО АЗ БОЗИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНИИ КФО БО ТИМИ «ГОА» БАЁН КАРД.
- Бозӣ бояд хуб ҷараён гирад, рақиб дастаи пурқувват аст, дар ҳайати худ легионерҳои зиёд дорад. Бачаҳо аз нокомӣ дар бозии аввал баромаданд. Мо бо тамоми масъулият ба бозӣ омодагӣ мебинем.
Мо барои мухлисон бозӣ мекунем, онҳо бо умеди тамошои бозиҳои хуб ва лаззат бурдан аз бозиҳо ба варзишгоҳ меоянд. Умедворем, ки мо онҳоро фардо шод карда хоҳем кард.
Пеши даста вазифаи баромадан аз гурӯҳ гузошта шудааст, ҳамаи мо мехоҳем ба ин ҳадаф бирасем. Мо ҳама сайъу кушиши худро ба харҷ медиҳем, то сазовори боварӣ бошем.