Ба тоҷикӣ  На русском In English 

РАНГИ ЛИБОСИ ФУТБОЛБОЗОНИ "ИСТИҚЛОЛ" ВА "ГОА" МАЪЛУМ ШУД

30.09.2025 13:30

ИМРӮЗ ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗИИ ДАВРИ ДУЮМИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ-2025/26 МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «ГОА» БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Гоа» ва дигар масъулин  масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохурии дарпешистода баррасӣ шуд.

Мизбонони рақобат футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ва дастаи меҳмон «Гоа» бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд. 

Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии даври дуюми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва  «Гоа»-и  Ҳиндустон фардо, 1 октябр,  дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мегардад.  Оғози бози соати 18:45. 

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/33372

РАСМhttps://t.me/fcistiklol2007/33377

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj