«ИСТИҚЛОЛ» БА БОЗӢ БО «ГОА» ОМОДАГӢ МЕГИРАД!
28.09.2025 21:50
ИМРӮЗҲО ТИМИ «ИСТИҚЛОЛ» БА БОЗИИ ДАВРИ ДУЮМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО БО ДАСТАИ «ГОА»-И ҲИНДУСТОН ОМОДАГӢ МЕГИРАД!
Тамринҳои даста ҳамарӯза дар майдони Аквдемияи бошгоҳ дар дараи Алмосӣ сурат гирифта истодааст. Қайд менамоем рақобат бо «Гоа» санаи 1-уми октябр дар варзишгоҳи марквзии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 18:45.
Чиптаҳоро аз хазинаҳои варзишгоҳҳои Ҳисор ва Душанбе, ҳамчунин аз мағозаи даста бо суроғаи хиёбони Рудакӣ-85 дастрас карда метавонед.