ГУРӮҲИ ДОВАРОН АЗ ИНДОНЕЗИЯ БОЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «ГОА»-РО ҲАКАМӢ МЕКУНАД
25.09.2025 14:20
НОМИ ДОВАРОНЕ, КИ БОЗИИ ДАВРИ ДУЮМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2025/26-РО МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ»-И ТОҶИКИСТОН ВА «ГОА»-И ҲИНДУСТОНРО ДОВАРӢ МЕКУНАНД, МАЪЛУМ ШУД.
Сардовари вохурӣ – Ториқ Мунир Ал-Катири, довари ФИФА таъин шудааст. Дидори дар пешистодаи «Истиқлол» бо тими «Гоа» рӯзи 1 октябр дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Оғози рақобат соати 18:45.