Ба тоҷикӣ  На русском In English 

КАМБЭКИ «ИСТИҚЛОЛ» МУҚОБИЛИ «БАРҚЧӢ»!

24.09.2025 22:50

Дастаи «Истиқлол» бар дастаи «Барқчӣ» бо натиҷаи 2:1 зафар ёфта, ба зинаи дуюми ҷадвали Лигаи олӣ баромад.

Пас аз 16 бозӣ дар ҳисоби тими пойтахт 34 хол мебошад.  Дар садри ҷадвал тими «Вахш» бо 36 хол қарор дорад. Зинаи 3-юмро  бо 32 имтиёз КМВА нигоҳ медорад.

Вохурии навбатии худро «Истиқлол»  1 октябр баргузор менамояд. Дар ин рӯз чемпиони мамлакат дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дастаи «Гоа»-ро дар варзишгоҳи марказии Ҳисор қабул менамояд. Оғози рақобат соати 18:45.

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН

ДАВРИ 17-УМ

«Истиқлол» - «Барқчӣ» - 1:2

Голҳо:  Фредерик Асанте, 47 (0:1). Рустам Соиров,  55 (1:1). Алишер Ҷалилов, 74 (2:1).

Пеналти: Сиёваш Ҳақназарӣ, 90+2 (дарвозабон).

«Истиқлол» (Душанбе):  Никола Стошич, Табрез Исломов, Рудолф Туркай (Сиёваш Ҳақназарӣ, 46). Содиқҷон Қурбонов, Кирилл Суслов (Марлен Чобанов, 19), Манучеҳр Сафаров, Ҷозеф Окоро, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Ризо Деҳқонӣ (Муҳаммадҷон Раҳимов, 78), Пол Камолафе (Рустам Соиров, 46).

Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Корти зард: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Камол Муҳаммад, Фримпонг Боатенг («Барқчӣ»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

24 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «Талко-Арена».

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/33307

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/33316

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj