«ИСТИҚЛОЛ» ДАР БОЗИИ АВВАЛ ПИРӮЗ ШУД!
30.04.2025 23:50
ДАР БОЗИИ АВВАЛИ СИЛСИЛАИ НИМНИҲОИИ СУПЕРЛИГАИ ФУТЗАЛ «ИСТИҚЛОЛ» БАР ТИМИ «АМОНАТБОНК» ДАСТБОЛО ГАШТ!
Рақобат басо шавқовар ва диданӣ ҷараён гирифта, вақти асосии бозӣ дуранг ба поён расид - 2:2. Дар ду қисми иловагӣ, чемпиони феълии мамлакат тавонист ду голи дигар ба самар расонида, пирӯз гардад.
Бозии дуюми рақибон санаи 4 май баргузор мегардад.
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ-2024/25
СИЛСИЛАИ НИМНИҲОӢ. БОЗИИ АВВАЛ
«Истиқлол» - «Амонатбонк» - 2:2 (вақти иловагӣ - 4:2).
Голҳо: Умед Кузиев, 19 (0:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 21 (1:1). Абдукаюм Умаров, 29 (2:1). Собир Гуляков, 39 (2:2). Абдукаюм Умаров, 43 (3:2). Фирӯз Бекмуродов, 46 (4:2).
«Истиқлол»: Фирӯз Бекмуродов, Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммад Шарипов, Рустам Ҳамидов, Некрӯз Идиев, Самариддин Шамсов, Абдукаюм Умаров, Насратшо Исмоилов, Ҳикмат Исмоилов, Равшан Оразмуҳамедов, Матеус Соуза Худсон.
Сардовар: Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Абдукаюм Умаров («Истиқлол»).
30 апрел. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп».