ҶАВОНОНИ «ИСТИҚЛОЛ» МАВСИМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД
21.04.2025 23:50
ҲАЙАТИ ҶАВОНОНИ ТИМИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ВОХУРИИ МАВҚУФМОНДАИ ДАВРИ ЯКУМ ДАСТАИ «ХУҶАНД»-РО МУВОҶЕҲИ БОХТ НАМУД.
Вохурӣ пурра бо бартарии навҷавонони «Истиқлол» сипарӣ гашта бо натиҷаи бузурги 7:0 ба поён расид. Мавриди қайд аст, ки бо сабаби иштироки 7 нафар бозикунони «Истиқлол» дар ҳайати тими наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё, рақобатҳои даста мавқуф гузошта шуда буданд.
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ ҲАЙАТҲОИ ҶАВОНОНИ ЛИГАИ ОЛӢ
ДАВРИ АВВАЛ
«Истиқлол»-2 - «Хуҷанд»-2 - 7: 0
Голҳо: Фирузҷон Шарипов, 29 (1:0). Муҳаммад Назриев, 30 (2:0). Муҳаммад Назриев, 34 (3:0). Муҳаммад Назриев, 42 (4:0). Рамазон Бахталиев, 49 (5:0). Фирузҷон Шарипов, 76 (6:0). Маҳмадамини Хуршедшоҳ, 86 (7:0).
Корти зард: Аҳмадҷон Шоев («Истиқлол»).
Сардовар: Нодира Мирзоева (Душанбе).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Муҳаммад Назриев («Истиқлол»).
21 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/31192