«ИСТИҚЛОЛ» БОЗИИ ДУЮМИ САНҶИШИАШРО ГУЗАРОНД
18.04.2025 21:50
ДИДОРИ ДУЮМИ ДАСТАҲОИ ФУТЗАЛИ БМБ ВА «ИСТИҚЛОЛ», КИ ИМРӮЗ ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД БАРГУЗОР ШУД, БО НАТИҶАИ 4:0 БА ФОИДАИ ФУТЗАЛБОЗОНИ УЗБЕКИСТОНӢ БА ПОЁН РАСИД.
Хотиррасон менамоем, ки ин вохуриҳо дар доираи омодагӣ ба марҳилаи нимниҳои Суперлигаи Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд. Шуруъ аз фардо, 19 апрел, шогирдони Александр Забирадзе дар маркази омӯзишии Бонки миллӣ воқеъ дар вилояти Суғд ба ҷамъомади таълимию тамрини фаро гирифта мешавад.
Дастаи футзали «Истиқлол» ба роҳбарият ва маъмурияти дастаи БМБ барои меҳмоннавозӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос менамояд!
БОЗИИ НАЗОРАТӢ
БМБ - «ИСТИҚЛОЛ» - 4:0
18 апрел. Тошканд
Вохурии аввал – 3:2