«ИСТИҚЛОЛ» БО ҚАҲРАМОНИ УЗБЕКИСТОН БОЗӢ МЕКУНАД
14.04.2025 13:50
ДАСТАИ ФУТЗАЛИ «ИСТИҚЛОЛ» БО ҚАҲРАМОНИ УЗБЕКИСТОН ДАСТАИ БМБ ДУ БОЗИИ НАЗОРАТӢ МЕГУЗАРОНАД.
Ин вохӯриҳо дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи нимниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2024/25 баргузор мешаванд.
Бозиҳо 17 ва 18 апрел дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд. Сипас «Истиқлол» дар маркази таълимии бонки миллӣ воқеъ дар вилояти Суғд ба ҷамъомади омӯзишии якҳафтаина фаро гирифта мешавад, ки то 25 апрел идома меебад.