ДАРОМАД АЗ ФУРӮШИ ЧИПТАҲОИ БОЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» - КМВА БА ТАБОБАТИ НАВРАСИ БЕМОР РАВОНА МЕГАРДАД!
08.04.2025 11:59
КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ТАСМИМ ГИРИФТ, КИ ТАМОМИ МАБЛАҒИ ФУРӮШИ ЧИПТАҲОИ БОЗИИ ДАВРИ 4-УМИ ЛИГАИ ОЛИРО БО ТИМИ КМВА БАРОИ ТАБОБАТИ АБДУЛАЗИЗ СУЛАЙМОНОВИ НАВРАС РАВОНА МЕСОЗАД.
Ин тасмим як иқдоми ҳамраъйӣ ва пуштибонии футболбози наврас мебошад, ки бо мушкилоти ҷиддии саломатӣ рӯбарӯ шудааст.
Дастгирии ниёзмандон, бахусус кӯдакон, яке аз самтҳои фаъолияти дастаи мо мебошад. Раҳбарият, бозигарон ва мухлисон муттаҳид шуданд, то ба Абдулазиз дар муолиҷаи зарурӣ ва баргаштан ба зиндагии комил кумак намоянд.
Бинобар ин рақобати «Истиқлол» ва КМВА аҳамияти хосае пайдо мекунад. Ин на танҳо як бозии футбол, балки имконест барои ҳар як мухлис баҳри саҳм гузоштан дар кори хайр.
Ин амал мисоли равшани он аст, ки варзиш, ба хусус футбол чи тавр одамонро муттаҳид намуда, ба некй оварда мерасонад.