МАНУЧЕҲР ҶАЛИЛОВ - БЕҲТАРИН БОЗИГАРИ МАРТ ДАР ЛИГАИ ОЛӢ
04.04.2025 14:50
Ҳамлавари Истиқлол Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин футболбози моҳи март дар Лигаи олии Тоҷикистон эътироф гардид.
Дар се даври аввали мавсим Манучеҳр 3 гол ба самар расонида, беҳтарин нишонзан ба ҳисоб меравад. Ҷоизадорони моҳ дар Лигаи олии кишвар бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.