Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Хотираи Муҳсин Муҳаммадиев дар санг нақш баст!

30.06.2026 16:20

Бо ибтикори роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» дар оромгоҳи Мӯҳсин Муҳаммадиев санги мазор гузошта шуд!

 

Ин иқдом танҳо гузоштани як ёдгорӣ  нест, балки рамзи эҳтироми амиқ, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба шахсияте мебошад, ки бо меҳнати содиқона ва хизматҳои арзандааш дар рушди футболи тоҷик саҳми мондагор гузоштааст.

КФ «Истиқлол» хотираи фарзандони содиқи футболи кишварро пос медорад ва мероси онҳоро барои наслҳои оянда ҳифз мекунад.

Номи Мӯҳсин Муҳаммадиев ҳамеша дар саҳифаҳои таърихи футболи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад монд ва хотираи ӯ дар қалби дӯстдорони футбол ҷовидона зинда хоҳад буд.

Рӯҳаш шод, хотирааш абадӣ бод!

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37892

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj