Ба тоҷикӣ  На русском In English 

18 июн, «Кохи Олимп»! Бозие, ки тамоми дӯстдорони футзал интизораш ҳастанд!

16.06.2026 14:50

Рӯзи 18 июн дастаи футзали «Истиқлол» дар толори «Кохи Олимп» рақиби асосии худ – «Соро компания»-ро қабул мекунад!

Ин танҳо бозӣ барои се имтиёз нест. Ин рақобати ду дастаи беҳтарини чемпионат, ду муддаии асосии унвони қаҳрамонӣ ва ду тимест, ки танҳо барои пирӯзӣ ба майдон мебароянд!

Ҳар дидори «Истиқлол» ва «Соро компания» пур аз суръат, муборизаи беамон, лаҳзаҳои зебо ва эҳсосоти фаромӯшнашаванда аст.

Ин навбат низ мухлисонро рақобати воқеӣ интизор аст, ки ҳар як иштибоҳ метавонад тақдири бозиро ҳал намояд.

Кӣ қадами муҳим ба сӯи қаҳрамонӣ мегузорад? Кӣ дар набард барои садорати ҷадвал бартарӣ пайдо мекунад?

Ҷавобро рӯзи 18 июн дар «Кохи Олимп» хоҳем гирифт!

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj