«Сипар» - «Истиқлол» - аллакай дар даври аввал!
22.04.2026 16:10
Имрӯз қуръакашии тақвими Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2026 баргузор гардид!

Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, дар даври аввал моро бозии марказӣ интизор аст - «Истиқлол» бо «Сипар» рақобат мекунад.
Оғози мавсими нав ба санаи 6 май ба нақша гирифта шудааст. Ҳаводоронро чемпионати ҷолибу пуршиддат интизор аст, ки дар он беҳтарин дастаҳои кишвар барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд!
Мунтазири хабарҳои нав бошед — тақвими пурраи бозиҳо ба наздикӣ нашр мешавад.











