Номҳои нав, ҳадафҳои пешин: «Истиқлол» бо ду бозигари бразилиягӣ шартнома кард!
15.04.2026 18:20
Дастаи футзали «Истиқлол» дар бораи ба имзо расонидани шартнома бо ду бозигари бразилиягӣ - Лукас Араухо ва Игор Тиаго хабар медиҳад.

Ҳар ду бозигар барои тақвияти ҳайати даста пеш аз мусобиқаҳои дарпешистодаи Суперлига ба даста ҳамроҳ шуданд.
Лукас Араухо, ки 31 октябри соли 1998 таваллуд шудааст, қаблан дар Хорватия ва Ӯзбекистон бозӣ карда, худро ҳамчун бозигари дорои техникаи баланд муаррифӣ намудааст.
Игор Тиагои 28 сола таҷрибаи бозӣ дар Бразилия ва Фаронса дошта, бо меҳнатдӯстӣ ва универсалӣ будани худ фарқ мекунад.
Бозигарон аллакай ба тамринҳо ҳамроҳ шуда, омодаанд, ки дар бозиҳои расмии мавсим иштирок намоянд.
Ба «Истиқлол» хуш омадед, бачаҳо!











