Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2025-ро эълон кард
11.02.2026 19:20
Имрӯз, 11 феврал дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти мавсими футзал-2025 баргузор шуд, ки дар он аз Суперлигаи Тоҷикистон натиҷагирӣ гардида, беҳтарин бозигарон, мураббиён ва ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ муайян шуданд.

Ҷоизаи асосии мавсим ба капитани дастаи «Сипар»-и Хуҷанд Иқбол Воситзода тақдим гардид, ки беҳтарин бозигари Суперлига-2025 номида шуд.
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими-2025
Беҳтарин бозигарони ҷавон – Панҷшер Давлатов (КМВА), Сунатулло Файзов («Соро компания»).
Беҳтарин дарвозабони ҷавон – Қаюм Назаров (КМВА).
Ҷоизаи «Fair Play» – Дастаи «Истиқлол».
Беҳтарин ҳайати доварон – Сӯҳроб Сатторов, Сафаралӣ Маҳмадизода, Абубакр Маҳмадов.
Беҳтарин легионер – Виера Де Са Фелиппе («Сипар»).
Беҳтарин дарвозабон – Нуриддин Ҷабборов («Соро компания»).
Беҳтарин нишонзан – Хусрав Холиқназаров («Сомон»), 21 гол.
Беҳтарин мураббӣ – Пайрав Воҳидов («Соро компания»).
Беҳтарин бозигар – Иқбол Воситзода («Сипар»).
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35384











.png)