Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Вохурӣ бо гурӯҳи мухлисон!

06.02.2026 17:50

Роҳбарияти клуби футболи «Истиклол» бо намояндагони гурӯҳи мухлисони даста мулоқот баргузор намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи фаъолияти фан-клуб, таҳияи стратегияи дарозмуддат ва такмили сохтори кор бо мухлисон баррасӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо сметаи молиявии пешниҳодшударо тасдиқ намуда, зарурати ҳамкорӣ бо дигар фан-клубҳои лигаи Тоҷикистонро таъкид карданд.

Тибқи нақша, дар оянда баргузории вохӯриҳои муштарак бо фан-клубҳои дигар ва роҳандозии чорабиниҳои васеъмиқёс пешбинӣ гардида, ҳадаф рушди ҳамаҷонибаи ҳаракати мухлисон дар доираи тамоми Лигаи Тоҷикистон мебошад.

Илова бар ин, қарор дода шуд, ки пеш аз бозиҳои расмии дастаҳои асосӣ, яъне як ё ду рӯз қабл аз вохӯрии дастаҳо, миёни фан-клубҳои ҳамон дастаҳо низ бозиҳои дӯстона баргузор карда шаванд.

Ин ташаббус ба мустаҳкам гардидани дӯстӣ ва ҳамбастагии фан-клубҳои дигар дастаҳо дар оянда мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин қайд гардид, ки сарпарасти фан-клуби «Истиклол» ширкати сохтмонии «Истиклол Гуруҳ» мебошад.

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj