Роҳбарони нави фан-клуби «Истиқлол» таъин шуданд!
21.01.2026 15:20
Маҳмадраҷаб Маҳмудов ва Кароматулло Мусоев ба ҳайси роҳбарони фан-клуби дастаи футболи «Истиқлол» таъин гардиданд.

Ҳадафи асосии фаъолияти онҳо тақвияти ҳамкории мутақобила бо мухлисон, рушди ҳаракати мухлисон ва дастгирии даста мебошад.
Маъмурияти бошгоҳ умедвор аст, ки ин таъинот ба мустаҳкам гардидани робита байни даста ва мухлисон ва ҳамчунин фаъол шудани фаъолияти фан-клуб мусоидат хоҳад кард.











.png)