Ҳимоятгари «Истиқлол» ба «Ирбил» гузашт!
05.01.2026 14:50
Марлен Чобанов, ҳимоятгари ӯзбекистонӣ ки аз тобистони соли гузашта дар ҳайати «Истиқлол» бозӣ мекард, ба чемпионати Ироқ гузашт

Чобанов дар маҷмӯъ дар ҳайати «Истиқлол» 15 бозӣ анҷом дод, аз ҷумла 6 бозӣ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2.
Шартномаи Марлен бо пешсафи чемпионати Ироқ то охири мавсими 2025/26 баста шудааст. Дастаи футболи «Истиқлол» ба Марлен Чобанов дар фаъолияти минбаъдааш барору муваффақият таманно менамояд!











.png)