«ИСТИҚЛОЛ» МУҚОБИЛИ «ГОА» БО ПИРОҲАНҲОИ САФЕД БОЗӢ МЕКУНАД!
23.12.2025 16:30
ИМРӮЗ ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗИИ ДАВРИ ШАШУМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ГОА» ВА «ИСТИҚЛОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД.
.jpg)
Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ – Алишер Никимбоев, нозири доварон – Ҳомид Ҷасим Халифа, намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Гоа», инчунин дигар масъулин масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохурии дарпешистода баррасӣ шуд.
Мизбонони рақобат футболбозони «Гоа» бо пироҳанҳои зарди норинҷӣ ва дастаи меҳмон - «Истиқлол» бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд.
Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои «Гоа»-и Ҳиндустон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон фардо, 24 декабр, дар варзишгоҳи «Ҷаваҳарлал Неру» баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:30 бо вақти маҳаллӣ (21:00 бо вақти Душанбе).
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34972











.png)