Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Мухлисони «Истиқлол» бо ҷоизаҳои махсус сарфароз шуданд!

18.12.2025 16:50

Озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2025», ки бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кишвар роҳандозӣ шудааст, ҷамъбаст гардид!

 Озмун миёни мухлисони футбол тибқи протоколи ҷаласаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи мамлакат муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо намояндагони ҷомеаи футболи кишвар, ки моҳи ноябри соли 2023 баргузор шуда буд, ташкил гардид.

 Ҷоизаи «Беҳтарин мухлиси соли 2025»-ро гурӯҳи мухлисони дастаи «Равшан»-и Кулоб ба даст оварда, соҳиби 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид. Ҷойи дуюм аз они гурӯҳи мухлисони «Истаравшан» (30 ҳазор сомонӣ) ва мақоми сеюм аз они мухлисони «Вахш»-и Бохтар (20 ҳазор сомонӣ) гардиданд.

 Илова бар ин, мухлисони дастаҳои «Истиқлол», «Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ», «Эсхата», «Ҳосилот», «Ҳулбук», «Парвоз», «Сардор», «Моҳир», «Сомон» ва «Шодмон» бо ҷоизаҳои махсус сарфароз шуданд.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34835

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj