«ИСТИҚЛОЛ» - БАРАНДАИ ЛИГАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН!
15.12.2025 15:50
ДАР ДУШАНБЕ МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ЛИГАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН «УМЕД» МИЁНИ БОЗИНГАРОНИ ТО 18-СОЛА БА АНҶОМ РАСИД.
.jpg)
Дастаи «Истиқлол» зери роҳнамоии мураббии ҷавон Амриддин Раҳимов муваффақиятро ба даста оварда, ғолиби Лига гардид.
Барои ҷойҳои ифтихорӣ дар Лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Умед» (U-18) ҳашт дастаи минтақавӣ мубориза бурданд, ки ба ду гурӯҳ ҷудо шуда буданд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо дар як давр баргузор шуданд. Сипас чор даста ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфта, дар он ҷо ҷуфтҳои нимфиналиро ташкил карданд.
Медалҳои биринҷии Лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Умед» (U-18) насиби дастаи «РШВСМ» гардид, ки дар бозии барои ҷойи сеюм бар ҷавонони «Моҳир» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Вохӯрии ҳалкунандаи финалии ин мусобиқа, ки дар он дастаҳои «Истиқлол» ва «Душанбе-2» рӯ ба рӯ шуданд, хеле шадид гузашт. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфта, дар силсилаи пеналтӣ бахт ба руи бозингарони «Истиқлол» хандид – 5:4.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34812











.png)