Ба «Истиқлол» медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистон-2025 супорида шуд!
12.12.2025 19:50
Ба футболбозон, мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки дар чемпионати Тоҷикистон-2025 пирӯзӣ ба даст оварданд, пас аз бозии даври 21-уми лигаи олӣ бо тими «Истаравшан» (4:1) Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.

Дар маросими тақдими медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистон-2025 ба бошгоҳи «Истиқлол» ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва Алишер Урунов, инчунин директори генералии Лигаи футболи кишвар Субҳон Шодиев иштирок намуданд.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34786
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34776
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34766
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34761
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34761











.png)