«ИСТИҚЛОЛ» - ҒОЛИБИ ЛИГАИ ОЛӢ!
08.12.2025 18:20
ИМРӮЗ ДАР ШАҲРИ БОХТАР ВОХУРИИ ДАВРИ 19-УМИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ВАХШ» ВА «ИСТИҚЛОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дидори мазкур бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Ин натиҷа ба дастаи «Истиқлол» имкон дод, ки ғолиби Лигаи олии чемпионати мамлакат гардад. Санаи 12 декабр «Истиқлол» бозии ниҳоии худро дар Лигаи олӣ бо тими «Истаравшан» баргузор менамояд.
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН. ЛИГАИ ОЛӢ
БОЗИИ ДАВРИ 19-УМ
«ВАХШ» - «ИСТИҚЛОЛ» - 1:1
Голҳо: Сиёваш Ҳақназарӣ, 27 (0:1). Димитро Билоног, 35 аз пеналти (1:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (Меҳрубон Одилзода, 78), Табрез Исломов, Марлен Чобанов, Ҷозеф Окоро, Муҳаммадҷон Раҳимов (Рустам Камолов, 84), Эҳсон Панҷшанбе, Сиёваш Ҳақназарӣ, Рустам Соиров, Пол Камолафе.
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Бенҷамин Ампонсо («Вахш»).
Корти зард: Шаҳзод Давлатов, Алишер Баротов («Вахш»), Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Рустам Соиров, Пол Камолафе («Истиқлол»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Ориф Ҷураев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Хуррам Нозирӣ (Душанбе).
8 декабр. Бохтар варзишгоҳи «Пахтакор». 5500 тамошобин.











.png)