ВОХУРИҲОИ ДАВРИ ПАНҶУМИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО БАРГУЗОР ШУДАНД!
26.11.2025 22:50
Дар ин даври марҳилаи гурӯҳӣ тими «Истиқлол» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудиро қабул намуд.

Ин вохурӣ, ки бо ҳузури зиёда аз 15 ҳазор тамошобин баргузор шуд, бо натиҷаи 4:0 ба фоидаи дастаи меҳмон ба поён расид. Дар бозии дигари гурӯҳ, «Ал-Завра»-и Ироқ бо натиҷаи 2:1 бар тими «Гоа»-и Ҳиндустон зафар ёфт.
Дар даври охирони марҳилаи гурӯҳӣ, санаи 24 декабр, «Истиқлол» меҳмони дастаи «Гоа» мешавад, «Ал-Наср» дар майдони худ «Ал-Завра»-ро қабул менамояд.
ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ-2025/26
МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ. ДАВРИ ПАНҶУМ
«ИСТИҚЛОЛ» - «АЛ-НАСР» - 0:4
Голҳо: Жоа Феликс, 12 аз пеналти (0:1). Муҳаммад Симакан, 40 (0:2). Садио Мане, 84 (0:3). Айман Яҳё, 90+2 (0:4).
«Истиқлол»: Никола Стошич, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов, Ҷозеф Окоро, Марлен Чобанов (Ризо Деҳқонӣ, 46), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Эҳсон Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Сиёвуш Ҳақназарӣ (Пол Камолафе, 46), Рустам Соиров (Масрур Ғафуров, 82).
Корти зард: Ҷозеф Окоро («Истиқлол»), Султон Ал-Ганнам («Ал-Наср»).
Сардовар: Александр Кинг (Австралия).
Нозири доварон: Носир Ал-Ғаффори (Урдун).
Комиссари бозӣ: Носир Ал-Убайдли (АМА).
26 ноябр. Ҳисор варзишгоҳи марказӣ. 15150 тамошобин.
«Ал-Завра» (Ироқ) - «Гоа» (Ҳиндустон) - 2:1
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34509
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34499











.png)