ТӮҲФА ДАР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КӮДАКОНУ НАВРАСОН!
16.11.2025 12:50
Имрӯз, 16 ноябр дар ҳудуди варзишгоҳи "Авиатор"-и шаҳри Душанбе майдончаи нав дорои чамани сунъӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросими кушодашавии иншоот роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндагони бошгоҳи футболи "Истиқлол", соҳибкорони ватанӣ, мураббиёну футболбозон ширкат намуданд.
Майдонча аз ҷониби соҳибкори футболдӯсти ватанӣ ва бо дастгирии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар зарфи 3 моҳ бо харҷи 1 млн сомонӣ сохта шуда, андозаи майдони бозӣ 70х40 метр мебошад.
Ифтитоҳи иншооти мазкур тӯҳфаи арзанда дар Рӯзи Президенти ҶТ барои кӯдакону наврасон маҳсуб меёбад!
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34279
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34286











.png)