Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ИЗҲОРИ СИПОС БА МУХЛИСОН БАРОИ ДАСТГИРӢ!

02.10.2025 17:50

КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» БА ҲАМАИ МУХЛИСОН БАРОИ ДАСТГИРИИ ДАСТА ДАР БОЗӢ БО ТИМИ «ГОА» ИЗҲОРИ СИПОС МЕНАМОЯД!

 - «Ташаккури самимӣ ба ҳамаи он мухлисоне, ки ба варзишгоҳ омаданд,  сипоси бепоён  ба он нафароне,  ки дар назди экранҳои телевизор ин бозиро тамошо карданд.

Роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол»  инчунин ба ҳамаи хадамотҳое, ки дар ташкил ва баргузории ин вохурӣ саҳм доштанд, изҳори сипос менамояд:

Ба роҳбарият ва кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартибот ва амният, ба кормандони хадамоти тиббӣ, кормандони варзишгоҳи марказӣ ва роҳбариятишаҳри Ҳисор ва ба намояндагони васоити ахбори омма ва Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон  барои саривақт инъикос намудани хабару гузоишҳо дар  атрофи бозӣ ва ба ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин бозӣ саҳм гузоштанд.

Бори дигар ташаккури зиёд ва арзи сипос барои дастгириатон»!

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/33544

 

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj