«Истиқлол» нахустин тамрини худро дар Риёз баргузор кард!
16.09.2025 01:50
Футболбозони “Истиқлол”-и Душанбе, ки рӯзи гузашта вориди Арабистони Саудӣ шуданд, дар шаҳри Риёз нахустин тамрини худро анҷом доданд.
Тамрини дастаи мо дар варзишгоҳи захиравии дастаи «Ал-Наср» баргузор гардид. Тибқи нақша, имрӯз 16 сентябр, даста тамрини расмии худро доир намуда, намояндагони бошгоҳ дар ҷаласаи пеш аз бозӣ ва нишасти матбуотӣ иштирок менамоянд.